Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2024
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат дар баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади иҷрои самараноки вазифаи зикршуда, дар доираи гурўҳи кории байниидоравӣ ва бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 қабул гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки ин Барномаи дуюм дар ин самт ба ҳисоб меравад. Зеро панҷ сол муқаддам тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №678 Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ гардида, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт таъйин гардида буд.

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 бо дарназардошти принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми (барои солҳои 2010-2014) Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул шуда, дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ ягона мебошад ва амалисозии муваффақонаи он мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд боз ҳам қавитар менамояд.

Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳар панҷсола як маротиба таҷдиди назар шуда, бо дарназардошти фарогирии қишрҳои нави ҷомеа такмил ва бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул мешавад, аз ҷумла дар марҳилаи нави Барномаи мазкур барои солҳои 2020-2024 намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷавонон фаро гирифта шудаанд.

Бинобар ба анҷом расидани амалисозии муваффақонаи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шуд.

Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 бо дарназардошти марҳилаи чоруми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2024 такмил дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия шудааст.

Барнома низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор