Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2023
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

 

Дастовардҳои мақомоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

 

Санаи 3 феврали соли 2022 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У.Бобозода, муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Орзузода, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Бобозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2021 маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, қайд намуд, ки дар давраи сипаришуда фаъолияти мақомот тақвият ёфта, як қатор корҳо анҷом дода шуданд.

 Аз ҷумла, зиёда аз 1950 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва баррасӣ гардида, дар шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои дурдасти аҳолинишин 150 машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ бо ҷалби 7500  шаҳрвандон  гузаронида шуданд ва ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандон иштироки кормандони мақомоти ВҲИ дар 6 мурофиаҳои судӣ таъмин карда шуд.

Ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар вазорату идораҳо ва сохторҳои зертобеи онҳо зиёда аз 70 санҷишу мониторинг ва боздидҳо анҷом дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд. Инчунин бо мақсади такмил додани қонунгузории миллӣ ба 35 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Бо мақсади мусоидат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо ибтикори ВҲИ  зиёда аз 40 чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат гузаронида шуда, кормандони мақомот 233 маротиба дар васоити ахбори оммаи ҷуммҳуриявӣ баромад намуданд. Инчунин 5 шумораи навбатии “Ахбори ВҲИ” ва нашри махсуси он бахшида ба паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 таҳия ва нашр гардида, ба китобхонаҳои вазорату идораҳои дахлдор ва иштирокчиёни чорабиниҳои ВҲИ ройгон дастрас карда шуданд. Ҳамзамон, бо мақсади таҷлили сазовори  Рӯзи ҳуқуқи инсон аз 3 то 10 декабри соли 2021 силсилачорабиниҳои мақомоти ВҲИ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар ин раванд ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “30 соли рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе, доираҳои илмии ватанӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма конференсияи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, китоби “Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ” ва Луғати истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи инсон таҳия ва нашр карда шуданд.

Бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва самараноки вазифаҳое, ки қонунгузорӣ  муқаррар кардааст, маърӯзаҳои ВҲИ ва ВҲК барои соли 2020 таҳия ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шуда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо теъдоди 600 нусха нашр ва паҳн карда шуданд.  

Соли 2021 аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии назди ВҲИ Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565 аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор