Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд пайваста чораандешӣ менамояд. Дар ин робита нақш ва аҳамияти чорабиниҳои байниидоравӣ дар самти таҳкими иқтидори кормандони мақомоту идораҳои давлатӣ ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон хело ҳам назаррас мебошад.

Соли дуввум аст, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳо ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Санаи 12 апрели соли 2022 дар Агентӣ оид ба татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025”, инчунин иҷрои Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2022 мизи мудаввар гузаронида шуд.

Бо намояндагӣ аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафизода дар мизи мудаввар иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ ва муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ иштирок намуда, оид ба паҳлуҳои мухталифи мавзӯъҳои баррасишаванда маълумоти муфассал гирифтанд.

Мизи мудавварро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Носирзода Давлат Мизроб оғоз намуда, аз номи роҳбарияти Агентӣ ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати мусоидат дар баргузор намудани мизи мудаввар ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд изҳори миннаторӣ намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Агентӣ ба масъалаҳои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқ ба меҳнат аҳамияти махсус дода мешавад.

Дар интиҳои чорабинӣ ба китобхонаи Агентӣ матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026”, “Луғати истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи инсон” ва китоби “Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ” тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор