Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Дар доираи ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷўён дар самти ҳуқуқи инсон вохўрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок ва дар мавзўи «Ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷомеа василаи пешгирии ҷинояткорӣ ва хариду фурӯши инсон ва дигар ҷиноятҳои барои ҷомеа хатарнок» баромад намуд. Зимни маърўза оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва аҳаммияти баргузор намудани чунин вохуриҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҳамчунин дар чорабинӣ судяҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ иштирок намуда, оид ба амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар чорабинї зиёда аз 300 нафар устодону донишљўёни Донишгоњ ширкат варзида, зимни муњокимаи маърўзањо фаъолона иштирок намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба китобхонаи Донишгоњ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Луғати истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи инсон” ва китоби “Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ” тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор