Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2021 тариқи маҷозӣ ба Шўрои Созмони Миллали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба иҷрои тавсияҳо тибқи расмиёти Шарҳи унверсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 Маърўзаи миллӣ пешниҳод намуд.

 Дар натиҷаи баррасии Маърўзаи мазкур аз ҷониби 80 давлати аъзои СММ барои Шарҳи унверсалии даврии минбаъда (даври сеюм) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 234 тавсия пешниҳод гардид, ки аз ин 170 тавсия қабул карда шуд, 7 тавсия қисман қабул гардида, 57 тавсия қабул нашуд.

Дар натиҷаи қабули тавсияҳои қабулгардида зарурати омодасозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои инсон тибқи расмиёти Шарҳи унверсалии даврӣ (даври сеюм) пеш омад.

 Санаи 10 майи соли 2022 дар ноҳияи Рўдакӣ ва 12 майи соли 2022 дар шаҳри Бохтар аз ҷониби муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Фируз Орзузода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Умед Бобозода, Сардори Раёсати робитаҳои  байналмилалии  ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -Алишер Неъматзода, Прокурори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зиёмуҳаммад Алиев, муовини Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саидалӣ Бобохонов ва Директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» - Наргис Зокирова бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маҳаллии шаҳру ноҳияҳои мазкур чорабинии иттилоотӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии иттилоотӣ аз ҷониби номбаршудагон дар мавзўҳои Мақоми Шарҳи унверсалии даврӣ дар низоми уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шарҳи унверсалии даврӣ, Нақши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Шарҳи унверсалии даврӣ, Шарҳи унверсалии даврӣ ва нақши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тавсияҳои давлатҳои аъзои СММ дар Шарҳи унверсалии даврӣ вобаста ба қабули Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ва ҳамкориҳои Ташкилоти ҷамъиятӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омодасозии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба Шарҳи унверсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2021-2024 маърўзаҳо кардаанд.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён ба намояндагон вобаста ба маърузаҳои зикргардида саволу ҷавобҳо пешниҳод гардид. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки чунин чорабиниҳо барои таҳия ва иҷрои Нақшаҳои миллӣ муфид буда, дар оянда низ барпо гардидани онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

   Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор