Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати амалисозии ҳуҷҷатҳои стратегии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пайваста фаъолият мекунад.

Дар ин раванд рӯзи 14 июни соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор дар робита бо ҳуқуқу озодиҳои инсон” баргузор гардид.

Конференсияи мазкур бо мақсади иҷрои самараноки “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар доираи амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 25 сентябри соли 2015 қабул шудааст, гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Ҳадафҳои Рушди Устувор барои давраи то соли 2030 ҳам аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва ҳам аз ҷиҳати муҳлатҳои муқарраршуда мувофиқат мекунанд.

Дар кори Конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар Конференсия масъулини вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба самтҳои фаъолият дар доираи 17 Ҳадафи муайяннамудаи Созмони Милали Муттаҳид маърӯза намуданд.

 Маърӯзаҳои пешниҳодшуда мавриди муҳокимаи иштирочиёни чорабинӣ қарор дода шуда, ҷиҳати тақвият додани фаъолият ва иҷрои  саривақтӣ ва самараноки “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар робита бо ҳуқуқу озодиҳои инсон таклифу пешниҳодҳо ва тавсияҳои дахлдор баён карда шуданд. Зеро фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати иҷрои  саривақтӣ ва самараноки ин ҳадафҳои стратегӣ бо риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамбастагии ногусастанӣ дорад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Умед Бобозода изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои Конференсия ба фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ва шакрикони рушд ҷиҳати таъмин намудани риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон зимни амалисозии ҳуҷҷатҳои стратегии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид такони тоза мебахшанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор