Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Барномаи дастгирии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Гивенс санаи 17 июни соли ҷорӣ мулоқот анҷом доданд.

Дар вохўрӣ ҳамчунин муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок доштанд.

Мақсади вохўрӣ муҳокимаи масъалаҳои густариш додани ҳамкориҳо, омода намудан ва дастгирии минбаъдаи лоиҳаҳои якҷоя амалишаванда, ҳамоҳанг намудани ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда буд.

Сараввал ҷонибҳо масъалаҳои мубрами самти ҳуқуқи инсонро мавриди муҳокима қарор доданд, ки бештари онҳо ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони маъюб, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва духтарон, доир ба самтҳои ҳамкории байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, шиносоӣ бо мақсад ва самтҳои фаъолияти Барномаи дастгирии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи Шарҳи Универсалии Даврӣ ва дигар самтҳои муҳим дахл доранд.

Зимни мулоқот Умед Бобозода ба Тоҷикистон хонум Элизабет Гивенс оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, хусусан самтҳои афзалиятноки Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас мебошад.

Дар идомаи вохўрӣ, ҳамчунин, масъалҳо вобаста ба ҳамроҳшваии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор шартномаҳои байналмилалии дар самти ҳуқуқи инсон қабулгардида ва мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор додани онҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили ба имзо расидани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва монанди инҳо мавриди баррасии тарафайн қарор гирифтанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда қайд намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо дигар мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гурўҳҳои корӣ ташкил карда шуда, дар доираи конунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин гурўҳҳои корӣ ба амал бароварда мешаванд ва аллакай корҳои мушаххас дар ин самт анҷом дода шудааст.

Роҳбари Барномаи дастгирии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Гивенс пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, хонум Элизабет Гивенс иброз доштанд, ки ҷиҳати доир намудани ҳамкориҳо дар соли ҷорӣ низ вобаста ба самтҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳамкориҳоро идома хоҳанд дод.

Дар фарҷом ҷонибҳо аз ҳамдигар барои пазироии самимӣ ва пешниҳоди маълумотҳои муфассал доир ба самтҳои зикргардида изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро тақвият медиҳанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор