Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Оғози силсилаомӯзиши китоби «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров барои  кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тибқи  дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №36/10-29   аз 6 майи соли 2022 ва дар мувофиқа бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 4 июли соли 2022 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон силсилаомузиши китоби «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров  барои кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки номзади илмҳои таърих, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳо Мадаминҷонова Зуҳро баргузор гардид.

Сараввал қайд карда шуд, ки соли сипаришуда  бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву меҳанпарастии мардуми кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ҳар як оила китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров туҳфа карда шуд,

Дар ин раванд муҳим аст, ки ҳар як фарди худогоҳи ватан пеш аз ҳама аз зиндагиномаи аллома Б. Ғафуров огоҳӣ дошта бошад. Аз ин лиҳоз, муаллима Мадаминҷонова дар аввал мухтасар аз ҳаёту фаъолияти  академик Б. Ғафуров баён намуда, баъдан аз мазмуну муҳтавои китоби мазкур дар муддати ду соат ба иштирокчиёни ҳамоиш фаҳмо ва равшан накл карданд.

 Дар анҷоми ҳамоиш муаллима Мадаминҷонова ба саволҳои кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷавобҳои муфассал доданд Иштирокчиён мувофиқи мақсад донистанд, ки омӯзиши амиқи китоби “Тоҷикон”-и устод Б. Ғафуров на танҳо барои хизматчиёни давлатӣ, балки барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ басо муҳим ва мнфиатовар буда, наслҳои ояндасози ватани азизамон аз аҷдодони бузурги худ ифтихор хоҳанд кард.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор