Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

 

Умед Бобозода ва хонум Ханна Ву дар Женева масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи занонро баррасӣ намуданд

Дар доираи сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба Конфедератсияи Швейтсария санаи 19 июли соли 2022 вохӯрии ӯ дар Женева бо намояндаи аршади Бахши хифзи ҳуқуқи занони Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба хукуки инсон хонум Ханна Ву баргузор гардид.

Нахуст У. Бобозода дар бораи сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон ва масоили зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузашта, аз ҷумла иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои зикргардида таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Зимни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ  байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар бахши занон, ноил гардидани Ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми А тибқи Принсипҳои Париж мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Хонум Ву иброз дошт, ки сохторҳои онҳо омодаанд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои занон ва умуман дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор