Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мудири Дафтари минтақавии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид хонум Афшин Хон дар шаҳри Женева

Чӣ тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо сафари корӣ дар Конфедератсияи Швейтсария қарор дорад.

Дар доираи сафари корӣ  У. Бобозода рӯзи 19 июли соли 2022 бо мудири Дафтари минтақавии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Афшин Хон дар шаҳри Женева мулоқот намуд.

Сараввал хонум Афшин Хон бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки дар таърихи мавчудияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ин давлат ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ташриф оварда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дастовардхои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо масъулини сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид вохӯриву мулоқотҳои мутақобилан судманд анҷом медиҳад.

У. Бобозода зимни мулоқот аз ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ёдовар шуда, иброз намуд, ки риоя, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдакон ва наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масоили зӯроварӣ дар оила, содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва нисбати ноболиғон, адлияи ноболиғон, гурӯҳҳои осебпазири кӯдакон ва аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта табодули афкор намуданд.

Дар охир хонум Афшин Хон омодагии худро ҷиҳати минбаъд низ тақвият додани ҳамкориҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор