Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 сентябри соли 2022  дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак М. Бобоҷонзода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд.  Иброз гардид, ки  Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик буда‚ муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба шумор меравад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Сипам аз рӯи барномаи мизи мудаввар баромади Икрамова Зилола – сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи “Дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” баромад намуда, қайд намуд, ки ба шарофати Истиқлолият Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намуд ва ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста кӯшиш намуд, ки мавқеи фаъолро баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи байналмилалӣ дошта бошад.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтанд ва айни ҳол бо зиёда аз 178 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ ва чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории судманд идома дорад.

 Ҳамчунин Тоҷикистон имконияти мустақилона муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро пайдо намуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак Бобоҷонзода М. бори дигар ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфта, зикр сохт, ки арҷгузорӣ ба ин падидаи муҳим ва дастоварди беназир  вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

 

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор