Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Истиқболи сазовори ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани чашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 2022 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи    Ваҳш - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед, раиси ноҳия Юсупов Қурбоналӣ Қувватович ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон Мусозода Саймумин  4 адад иншоотҳои ҷашнӣ, аз қабили бинои  нави таълимии дуошёна  иборат аз 11 синфхона барои 330 ҷойи нишаст дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, воқеъ дар деҳаи Фидокори Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод,  бинои нави таълимӣ  иборат аз 6 синфхона барои 180 ҷойи нишаст дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии асосии №80, воқеъ дар деҳаи Навободи Ҷамоати шаҳраки Киров, муассисаи навтаъсиси таълимии №66 иборат аз 10 синфхона барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Зафарободи Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва тарабхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Баъд аз ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ дар Маҷмааи фарҳангии “Офтобак”-и хоҷагии тухмипарварии “Кулоб”-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш бо иштироки меҳмонони расмии чорабинӣ маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона баргузор гардид. Дар рафти баргузории чорабинӣ як қатор собиқадорони меҳнат ва пешқадамони истеҳсолот бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш сарфароз гардонида шуданд.

Худи ҳамон рўз аз соати 17 то соати 19 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳия намоиши театрикунонидашудаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия манзури тамошобинон гардонида шуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор