Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2023
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кӯмаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргадонидашуда

Ғамхорӣ нисбати кӯдакон ҷузъи муҳими сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин замина  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон пайваста иқдомҳои муассир андешида мешаванд.

Яке аз ин иқдомҳо марҳила ба марҳила ба Ватан баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада ба ҳисоб меравад. Зери назар ва бо роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат солҳои 2019 ва 2022 дар доираи ду иқдоми бесобиқа зиёда аз 180 кӯдак аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Тоҷикистон оварда шуда, барои барқарорнамоии ҳолати равонӣ ва баргардонидани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд.

Ин иқдомҳо пеш аз ҳама, бо мақсади раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат, ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар ва арҷгузорӣ ба сулҳу амният мебошад.

Дар ин робита, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва таъмин намудани зиндагии шоистаи кӯдакон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии дахлдор ва мусоидати шарикони рушд ба зиёда аз 100 нафар кӯдак якчанд номгӯй либосҳои гарм дастрас карда шуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  инсон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ саҳми худро мегузорад.

 

Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор