Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сафари кории кормандони мақомоти

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шаҳри Хуҷанд

    Ҷиҳати иҷрои Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 рӯзҳои 19-23 сентябри соли 2022 аз ҷониби сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Ҳабибулозода Р. ва сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак Қодирӣ С. санҷиши фаъолияти нозири пешгирии зӯроварӣ дар оила дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Таваллудхонаи шаҳрии ш.Хуҷанд гузаронида шуд.

    Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки фаъолият дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳои муайян амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт баррасӣ шуда, нисбати шахсони зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд. Ҳамчунин аз ҷониби нозир ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила чораҳои фардӣ, аз қабили баровардани амрномаҳои муҳофизатӣ, баргузор намудани сӯҳбатҳои хусусияти тарбиявидошта, дастгиркунии маъмурӣ татбиқ карда мешаванд.

    Кор бо оилаҳои ноустувор низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти нозирон буда, бо чунин оилаҳо пайваста корҳои профилактикӣ бурда мешавад.

    Зимни сафари мазкур инчунин фаъолияти ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ки дар бинои Таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, мавриди санҷиш қарор дода шуд. Муайян гардид, ки дар ҳуҷраи мазкур барои қабул ва тавонбахшии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шароитҳои зарурӣ ташкил карда шудаанд. Ба ҳуҷраи мазкур ҷабрдидагон дар асоси аризаашон ё роҳхати мақомоти дахлдор ҷойгир карда шуда, мутахассисон барои занону духтароне, ки аз хушунати хонаводагӣ зарари ҷисмониву руҳӣ гирифтаанд, кӯмаки зарурии тиббӣ ва равонӣ мерасонанд.

    Ҳамчунин дар доираи сафари мазкур бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолони шаҳр, раисони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир гардид. Зимни вохӯрии мазкур ба ҳозирин дар бораи сиёсати давлат дар самти риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, талаботи қонунгузории ҷумҳӯрӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқҳои занон ва кӯдакон, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти мазкур, иҷрои уҳдадориҳои давлат дар ин самт, таъмини баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Масъалаҳои мазкур мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуда, дар навбати худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни субъектони пешгирии зӯроварӣ дар оила пешниҳодҳо манзур гардиданд.

    Иштирокчиён аз баргузор намудани чунин вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки баргузор намудани чунин вохӯриҳо барои пешбурди фаъолияти самаранок дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муфиданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор