Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сафари кории кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд

 

Тибқи супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи шароити шаҳрвандоне, ки аз муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд, рӯзҳои 11-12 октябри соли 2022 кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

Гурӯҳи корӣ зимни сафари мазкур бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Исфара вохӯрда, аз вазъи корҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ шинос шуданд.

Аз рафти сӯҳбат маълум гашт, ки дар назди раиси шаҳри Исфара ситоди шаҳрӣ ташкил карда шуда, барои барқарор намудани хонаҳое, ки дар натиҷаи муноқиша зарари ҷиддӣ дидаанд, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Сипас Гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо кормандони Ҷамоати шаҳраки Шӯроб вохӯрӣ доир намуда, ҷиҳати ба аҳолии зарардида расонидани кӯмакӣ хайриявӣ (хӯрока ва пӯшока) ва дигар маводҳои зарурӣ ба онҳо супорида шуд.

Ҳамчунон зимни сафар гурӯҳи корӣ дар Ҷамоати шаҳраки Шӯроб ва Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо раванди тадбирҳои ободонӣ, шароити зиндагии мардум, вазъи саломатӣ, таъминоти онҳо бо маводи хӯрока ва дигар маводҳои зарурӣ бархурдор гаштанд..

Аз натиҷаи сафар маълум гашт, ки раванди тадбирҳои ободонӣ босуръат идома дошта, аҳолии аз муноқиша зарардида тадриҷан ба ҳаёти муқаррарӣ бармегарданд. Кӯдакони маҳаллаҳои зикргардида ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

 

 

Хадамоти  матбуотии

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор