Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид

 

Рўзи 3 ноябри соли ҷорї дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар баргузор гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон  Бобозода У. мизи мудавварро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳим ва дастоварди бузурги миллат шодбош гуфтанд.  Иброз гардид, ки бисту ҳашт сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Дар мизи мудаввар Нидоев Ҳ. – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии  Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯза намуд. Дар маърӯза қайд гардид, ки, маҳз ҳамин санаи таърихӣ оғози низоми нави давлату давлатдорӣ, поягузори муносибатҳои ҷадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишварамон гардид.

Миллати тоҷик тавонист, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути дар амал роҳандозӣ намудани меъёрҳои Конститутсия воқеан ҷомеаи адолатпарвар бунёд намояд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдориву созандагӣ дар самти роҳи пешгирифтаи ояндасози давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон устувор бошад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  Бобозода У. бори дигар ҳозиринро ба муносибати ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборакбод намуда, зикр сохт, ки арҷгузорӣ ба ин падидаи муҳим ва дастоварди беназир  вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор