Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

ДУШАНБЕ, 06.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 ноябр ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Ин санади олии ҳуқуқӣ арзишмандтарин дастоварди тоҷикон ва натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушду тараққӣ ва муаррифии кишвар ба оламиён мебошад. Дар робита ба ин санаи муҳим мухбири АМИТ «Ховар» Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед БОБОЗОДА ҳамсуҳбат шуд.

 

АМИТ «Ховар»: Нақши Конститутсия дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ чӣ гуна аст?

У. Бобозода: Ҳанӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 зикр намуда буданд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».

Дар ҳақиқат, ин гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодаи воқеияти оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Кашмокашиҳои бемаънии оғози солҳои 90-уми асри гузашта ва ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтани онҳо хатари воқеӣ ва ҷиддии аз байн бурдани истиқлолияти тозабадастомада ва парокандагии миллат буд.

Нақши Конститутсия дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ низ хеле бузург мебошад. Маҳз дар асоси меъёрҳои инсонпарваронаи Конститутсия гуфтушуниди миёни тоҷикон сурат гирифт, Созишномаи сулҳ ба имзо расида, Ваҳдати миллӣ ба даст омад. Қобили зикр аст, ки бо ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва амалӣ кардани созишномаҳое, ки дар раванди музокироти тоҷикон ба имзо расида буданд, Конститутсия низ рушду такмил ёфт ва ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ заминаи боэътимод гузошт.

АМИТ «Ховар»: Нақши Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна аст?

У. Бобозода: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори ҳамаи самтҳо, чӣ иқтисодиёт, чӣ сиёсат, чӣ дигар самтҳо, хоҳ ҳуқуқӣ бошаду хоҳ фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд ва ин нисбат ба қабули Конститутсия низ истисно нест.

Қабули Конститутсияи соли 1994, яъне аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ба давраи ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии ҶТ фаъолият бурдани Эмомалӣ Раҳмон рост меомад. Ин буд, ки роҳбарии Комиссияи конститутсиониро, ки таҳия ва эҷоди Конститутсияро бояд ба роҳ мемонд, он кас ба дӯш доштанд ва бо дарки масъулияти баланд ин вазифаро ба иҷро расониданд. Маҳз бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар Конститутсияи Тоҷикистон давлати мо давлати иҷтимоӣ муайян шудааст.

Конститутсияи нав дар давраи нисбатан душвор барои Тоҷикистон қабул гардид. Лекин ба ҳамаи он душвориҳо нигоҳ накарда, ба Ҳукумати мамлакат зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки на ин ки Конститутсияи давраи гузариш, балки санади заминавии ҳуқуқиеро, ки инкишофи босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин мекард ва то кунун таъмин менамуд, таҳия ва қабул намояд.

Маҳз бо истифода аз меъёрҳои Конститутсия, яъне ба хотири татбиқи меъёри конститутсионӣ, хусусан бо дарназардошти он ки инсон ва ҳуқуқу озодҳои ӯ дар меҳвари сиёсати инсодӯстонаи давлати мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, Президенти мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи констутсионии худ ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро ба Парлумони кишвар пешниҳод намуданд, ки он нисбат ба зиёда аз ёздаҳ ҳазору панҷсад нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ гардид ва онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуданд.

АМИТ «Ховар»: Зарурати ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба ин санади муҳими ҳуқуқии кишварро дар чӣ мебинед ва дар асоси ин тағйирот ба Конститутсияи мо то кадом андоза таҳким бахшида шуд?

У. Бобозода: Воқеан ҳам, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 28 сол се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ҳар яке ба мукаммалшавии ин санади муҳим мусоидат кард. Давлатҳое, ки дар давраи гузариш ва рӯ ба инкишоф қарор доранд, аз ҷумла Тоҷикистон, пайваста санадҳои муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла Конститутсияи худро мукаммал мегардонанд.

Тоҷикистон сол то сол рушд карда истодааст ва албатта, бо мақсади мукаммалгардонии соҳаи соҳибкорӣ, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва пеш омадани зарурат, яъне дигаргун шудани муносибатҳои ҷомеа ба ин санад низ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо пеш меояд. Фикр мекунам, ки тағйиру иловаҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба пешрафти мафкураи ҳуқуқии мардуми мо мусоидат кард ва дар ҳаёти сиёсӣ мардуми мо хеле фаъол шуданд.

Хусусан, бояд тазаккур дод, ки бо ворид кардани тағйиру иловаҳо дар соли 2003 ва баъдан соли 2016 мазмуну муҳтавои моддаи 14 Конститутсия дар самти амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боз ҳам такмил ёфт. Ҳуқуқу озодиҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад. Арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд.

 

   Бознашр аз АМИТ "Ховар"

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор