Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Сафари кории корманди Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб

 

Мутахассиси пешбари намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар дар асоси нақшаи корӣ, Протоколи №3 аз 10 октябри соли 2022 оид ба ҷамъбастии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нуҳ моҳи соли 2022 ҷиҳати расонидани маслиҳати ройгони ҳуқуқӣ, қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон санаи 4 ноябри соли 2022 ба шаҳри Кӯлоб ташриф намуд.

Зимни ташриф санаи дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмиллалии кӯдакон дар муассисаи ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб, инчунин дар мувофиқа бо Раёсати Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии хонандагон, донишҷӯён оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иттилоотонии хонандагон, донишҷӯён оид ба фаъолият ва ваколатҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён вохурӣ баргузор намуд.

Дар рафти вохурӣ ба иштирокчиён оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва вобаста ба фаъолият ва ваколатҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумот дода шуд. Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёну хонандагон оиди шароити таҳсил ва ҷои хоб суҳбат гузаронида шуд. Ҳамзамон аз тарафи иштирокдорон савол, таклифу пешниҳодоти созанда иброз карда шуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.        

Дар анҷоми вохӯрӣ ба ҳозирин якчанд нусхаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, варақаи иттилоотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон тақсим карда шуд.

Ҳамчунин санаи 5 ноябри соли 2022 дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати расонидани маслиҳати ройгони ҳуқуқӣ дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида шуд.                                    Ҳангоми қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зиёда аз 25 намояндаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб,  аз қабили муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандон, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, мудири бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳо, комиссияи ҳуқуқи кӯдак, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи идораи замини шаҳр, ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои Зиракӣ, Зарбдор, Даҳана, Кӯлоб, сардори раёсати молияи шаҳр, директори корхонаи обу канализатсияи шаҳр, дректори КДФ Истеҳсоли истифодабарии манзил, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, сардори ситоди ҲФ ва МГ ва дигарон иштирок намуданд.

Зимни қабул дар маҷмӯъ 7 муроҷиати шаҳрвандон (1 адад хаттӣ ва 6 адад шифоҳӣ) асосан вобаста ба масъалаҳои замини наздиҳавлигӣ ва расонидани кӯмаки иҷтимоӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, аз ҷумла ба 5 нафар муроҷиаткунандагон  машварати ҳуқуқӣ дода шуда, 1 муроҷиат ба таври мусбӣ ҳал гардид ва 1 муроҷиати дигар  мавриди омӯзиш қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки роҳбарияти муассисаи ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб, Раёсати Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ташриф ва ҳамкории судманд изҳори миннатдории хешро баён карда, ҷонибдорӣ аз тақвияти ҳамкориҳои минбаъда намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор