Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2023
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Иштироки намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Машварати кории минтақавӣ

 

Дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия рӯзҳои 21-22 ноябри соли 2022 Машварати кории минтақавӣ барои ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

 Дар кори Машварат намояндагони парламент, Ваколатдорони ҳуқуқи инсон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва мушовирони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиён масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, мутобиқатии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд.

Бо даъвати Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ашуров М. ва Бобохонзода С. дар ин чорабинӣ иштирок намуда, бо маърӯза дар мавзӯи «Мутобиқати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж» ва «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар масъалаи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳуқуқи инсон» баромад намуданд.

Зимни баромадҳо дар бораи сиёсати давлат дар самти дастгирии ниҳодҳои милли ҳифзи ҳуқуқи инсон, уҳдадориҳои ҷумҳурӣ дар самти риояи ҳуқуқи инсон, тадбирҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон андешидашаванда, ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ ва ҳамкориҳои минтақавӣ маълумот пешниҳод карда шуданд.

Аз натиҷаи кори Машварат иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон бояд ҳамкориҳои минтақавӣ тақвият дода шавад.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор