Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Масъалаҳои амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” баррасӣ шуданд.

 

Санаи 5 декабр дар Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” мизи мудаввар доир гардид.

Дар кори мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, Ҳамоҳангсози Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел, Роҳбари намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон Питер Райли, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд  кафолат додааст.  Масъалаи мазкур дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҷиҳати татбиқи пурраи мақсад ва принсипҳои сиёсати дохилии кишвар дар соҳаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, такмили механизми татбиқи принсипи конститутсионии баробарии ҳама дар назди қонун  19 июли соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз” қабул ва мавриди амал қарор гирифт.   

 Қонун мафҳуми васеи табъиз ва номгӯи аломатҳоро, ки табъизро манъ мекунанд,  шаклҳои табъиз, намудҳои он, ҳолатҳои вазнинкунандаи табъиз, истифодаи чораҳои мусбат, салоҳияти Ҳукумат ва ваколати мақомотро оид ба масъалаҳои баробарӣ ва манъи табъиз муайян намудааст.  

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати амалисозии қонуни мазкур корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааст, аз ҷумла ҷиҳати иттилоотонии ҷомеа дар бораи мазмуну мӯҳтавои қонуни мазкур чорабиниҳои маърифатӣ гузаронида шуда, бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд дар ин самт ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда истодааст.

Иштирокчиёни мизи мудаввар  қабули чунин қонуни томро дар низоми ҳуқуқии кишвар воқеаи муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати татбиқи самараноки он фикру мулоҳизаҳои ҷолиб иброз намуданд. Аз ҷумла,  мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои зерқонунӣ ба талаботи қонуни мазкур, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, амалисозии барномаҳои дахлдор оид ба омӯзонидани кормандони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (кормандони милитсия, судяҳо, адвокатҳо, прокурорҳо), кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ба роҳ мондани фаъолияти ҳамоҳангшударо дар ин самт мувофиқи мақсад донистанд.

Мизи мудаввари мазкур бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ва дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор