Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо ҳайати Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати анҷом додани муколамаи ҳуқуқи инсон бо Ҳукумати мамлакат дар доираи GSP+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар робита ба ин 6 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовири асосии Комиссияи Аврупоӣ, Роҳбари ҳайати GSP+ Эва Синовес ва ҳайати ҳамроҳонаш  мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот кормандони масъули дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи фаъолияти мақомот, аз ҷумла, вазифаҳо, тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, сохтори мақомот ва намояндагию қабулгоҳҳои он дар минтақаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Стратегияи фаъолияти мақомот ва самтҳои афзалиятноки он сухан гуфт.

Аз ҷумла, оид ба маърӯзаҳои пешниҳодшавандаи ҳарсола, самти фаъолияти иттиллоотонии мақомот ва сомонаҳои расмӣ, вазъи мутобиқати мақомот тибқи талаботи Принсипҳои Париж,  Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳадафҳои он, фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди мақомот маълумот пешниҳод гардид.

Хонум Эва Синовес ва ҳайати ҳамроҳонаш дар навбати худ дар бораи вазифаҳо ва фаъолияташон иттилоъ доданд.

Ҳамчунин аъзои ҳайат аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи мазмуну мундариҷаи Маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, мавҷудияти сохтори алоҳида оид ба қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, вазъи ҳуқуқи инсон ва кӯдак дар ҷумҳурӣ ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», маблағгузории фаъолияти мақомот, вазъи ҳамкории мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъалаҳои шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми GSP+ ва дигар масъалаҳо пурсон шуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ иброз доштанд.

Бознашр аз АМИТ Ховар

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор