Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Зӯроварӣ дар оила – мушкилоти иҷтимоии замони муосир

 

Таҳти ин унвон санаи 7 декабр дар Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Рӯзи ҳуқуқи инсон ва маъракаи солонаи байналмилалии “16 рӯзи амал бар зидди зӯроварии гендерӣ” мизи бмудаввар доир гардид.

Мизи мудаввари мазкур дар доираи ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар самти амалисозии лоиҳаи глобалии “Нури рушноӣ” дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занону духтарон равона карда шудааст.

Зимни суханронии худ  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода  қайд намуданд, ки  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии ҳуқуқҳои занон, таъмини воқеии баробарии гендерӣ ва пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила заминаҳои зарурии қонунгузорӣ, институтсионалӣ ва ташкилӣ таъмин карда шудаанд. Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” барои расидан ба ин ҳадафҳо равона шудаанд.

  Ҳамоҳангсози Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел низ дастовардҳои ҷумҳуриро дар самти таъмини ҳуқуқҳои занон ёдрас шуда, зикр намуданд, ки дар ин самт амалисозии  лоиҳаи глобалии “Нури рушноӣ” дар Тоҷикистон, ки ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбати занону духтарон равона шудааст, нақши муҳим хоҳад бозид.

Намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ комёбӣ ва мушкилоти марбут ба зӯроварӣ дар оиларо мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода, ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти мазкур, фаъол гардонидани субъектони пешгирии зӯроварӣ дар оила, андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастгирии ҷабрдидагони зӯроварӣ, зиёд намудани теъдоди нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила ва таҳкими иқтидори онҳо, инчунин иттилоотонии аҳолӣ оид ба масъалаҳои  пешгирии зӯроварӣ дар оила тавсияҳо пешниҳод намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор