Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Муроҷиати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ

 

 

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати пардохт нагардидани музди маоши шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкати «Крокус Групп» дар Федератсияи Россия, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, санаи 25 феврали соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Маскалькова Т. Н. ҷиҳати санҷиш ва зери назорат гирифтани масъалаи мазкур муроҷиат намуд. Дар муроҷиат Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода аз ҳамтои худ хоҳиш кард, ки аз натиҷаи санҷиш ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар асоси ҳамкориҳои тарафайн Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия муроҷиат намуда буд ва муроҷиатҳои мазкур ҳалли мусбии худро ёфтанд.

Умедворем муроҷиати навбатӣ низ ҳалли худро меёбад.

 

Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои

иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор