Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

 

Дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565 аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи мазкур (банди 25) ҷиҳати мусоидат ба баланд бардоштани малакаи омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон»  вобаста ба тарзу восита ва методикаи таълими ҳуқуқи инсон рӯзҳои 3-4 марти соли 2023 барои омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон»-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон дар МТМУ №36 семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Барои иштирокчиёни семинари омӯзишӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулият гузарониданд.

Дар доираи барномаи семинари омӯзишӣ оид ба мавзӯъҳои Нақши механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон; Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026: аҳамияти амалисозии самаранок; Ҳуқуқ ба таҳсил ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт; Шарҳи баъзе масъалаҳои ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, пешниҳоди гузоришҳои миллӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ғ.; Шарҳи баъзе масъалаҳои адлияи ноболиғон, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва амалияи татбиқи адолати судӣ дар ин самт; Буллинг ҳамчун яке аз шаклҳои зӯроварӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ва шарҳи баъзе масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба хонандагон, аз ҷумла духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Баррасии саволнома вобаста ба муайян намудани зӯроварӣ дар байни хонандагон ва Методикаи таълими фанни “Ҳуқуқи инсон” машғулиятҳо гузаронида шуда, дар ин доира вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ, Ҳадафҳои Рушди Устувор ва стратегияи барномаҳои давлатӣ, навгониҳои қонунгузории миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар семинари омӯзишӣ 27 нафар омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” иштирок намуданд, ки аз ин шумор 15 нафарро занон ташкил медоданд. Иштирокчиён дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, пайваста баргузор намудани чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.

Барои иштирокчиён Қонуни ҶТ “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, буклети “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” ва шакли электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосии соҳаи ҳуқуқи инсон дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор