Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

 

Санаи 7 марти соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Модар мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сараввал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Умед Бобозода баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми модарону хоҳарони ҷумҳурии азизамонро бо рӯзи пурмеҳр самимона муборакбод намуданд.

Аз суханони пандноки Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки «Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад».

Дар мизи мудаввар сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Раҳматова Шоира баромад карда, қайд намуданд, ки Зан – модар ойинаи чеҳранамои миллат мебошад. Чуноне ки бузургон мегӯянд, «Агар хоҳӣ, ки ба фарҳангу маърифати миллате баҳо диҳӣ, ба чеҳраи занону модарони он миллат нигар».

Инчунин, қайд гардид, ки имрӯз занону духтарони мо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла 25 фоиз дар хизмати давлатӣ, 73 фоиз дар соҳаи маориф, 71 фоиз дар соҳаи тандурустӣ ва 47 фоиз дар соҳаи фарҳанг фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни чорабинӣ бахусус мардони моқомот яко як суханронӣ карда, занҳои коллективи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дар симои онҳо ҳамаи модарону хоҳаронро бо ин рӯзи муқаддас муборакбод намуданд.

Ба ифтихори Рӯзи Модар бонувони мақомот аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ шуданд.

Дар фарҷоми чорабинии идона Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бори дигар ҳамагонро бо Рӯзи Модар муборакбод намуда, изҳор доштанд, ки воқеан модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба зиндагии осоишта роҳнамоӣ мекунад.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор