Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Дар Хатлон таҳти унвони “Вазъи ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ баргузор шуд.                                                      

Санаи 19.05.2023 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Вазъи ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмии вилоятӣ баргузор шуд.

Ҳамоиш дар асоси Нақшаи кори Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон барои соли 2023 ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон доир шуд. Дар он намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  воситаҳои ахбори омаи вилоят ва омӯзгорон аз ҳисоби ҷавонон иштирок намуданд.

Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар дар кори ҳамоиши илмӣ зикр намуд, ки «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. Ҳамзамон Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷамъият сиёсатеро пеш гирифтааст, ки ба пешравию дастгирии ҷавонон дар тамоми соҳаҳо ва ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон мусоидат мекунад. Имрӯз ҷавононро мебояд оид ба амалҳои номатлуби ҷомеа аз ҷумла ба тероризму экстремизм, нашъамандию ҷинояткорӣ бетараф набошанд. Ҳамеша ба муқобили онҳо истодагари намуда, шукронаи ин Меҳани соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд кунанд».

Дар кори ҳамоиши илмӣ намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба мавзӯъҳои вазъи ҳуқуқии  ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор