Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2024
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Боз як иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат амалӣ гардид

Дар партави сиёсати инсондӯстона ва ғамхориҳои хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада баргардонида мешаванд.

 

 

 

 

 

 

Дар ин робита, зери назар ва бо роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ соли 2019 84 кӯдак, соли 2022 146 занону кӯдакон ва дар идома ба ин таҷриба шоми 21 майи соли ҷорӣ 104 нафар занону кӯдакон ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Вобаста ба ин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Миҷгона Бобоҷонзода ва сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маросими пешвозгирии занону кӯдакон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ҷобаҷокунии онҳо иштирок намуданд.

Ин иқдомҳо, пеш аз ҳама, барои раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат, ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар ва арҷгузорӣ ба сулҳу амният равона шуда, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин самт мусоидат менамояд.

Бо истифода аз таҷрибаи мавҷуда, мақомоти масъули давлатӣ барои барқарорнамоии ҳолати равонӣ, офиятбахшӣ ва баргардонидани онҳо ба ҳаёти муқаррарӣ чораҳо меандешанд.

 

Хадамоти матбуоти ВҲИ

Аксҳо аз АМИТ "Ховар"

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор