Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Мизи мудаввар бо иштироки мансабдорони сатҳи баланд оид ба масъалаҳои решакан кардани бешаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ

Санаи 30 майи соли 2023 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мизи мудаввар дар мавзуи «Решакан кардани бешаҳрвандӣ» баргузор гардид.

         Дар мизи мудаввар намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Намояндагии Раёсати комиссари олии СММ оид ба паноҳдиҳандагон дар Тоҷикистон, намояндагони воломақоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Мушовири калон оид ба масъалаҳои бешаҳрвандии Дафтари минтақавии СММ оид ба Осиё ва уқёнуси Ором иштирок намуданд.

         Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур таҳкими зарфиятҳои миллӣ дар самти бешаҳрвандӣ, инчунин муайян намудани таҷрибаи муваффақ ва дурнамои ҳамкорӣ дар Форуми ҷаҳони паноҳдиҳандагон (13-15 декабри соли 2023, Женева) маҳсуб меёбад.

         Мизи мудаввар мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифт:

- ҳалли ҳолатҳои (парвандаҳои) алоҳидаи бешаҳрвандӣ;

- бақайдгирии таваллуд ва додани шаҳодатномаи таваллуд;

- кафолатҳои ҳуқуқии миллӣ барои пешгирии бешаҳрвандӣ;

- ҳамроҳшави ба Конвенсияҳо оид ба бешаҳрвандӣ;

- маълумотҳои оморӣ оид ба бешаҳрвандӣ;

- уҳдадориҳо оид ба бешаҳрвандӣ барои Форуми ҷаҳонии гурезаҳо дар соли 2023.

Бояд қайд намуд, ки дар мавзӯи «Маълумотҳои оморӣ оид ба бешаҳрвандӣ» Раисикунанда - намояндаи ҳайати Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, гузориши иштирокчиёни мизи мудаввар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркменистон шунида шуда, таҷрибаи пешқадами онҳо вобаста ба бақайдгирии бешаҳрвандон, додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва решакан кардани бешаҳрвандӣ мавриди омӯзиш ва муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор