Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1-уми   июн Рӯзи  умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон маҳсуб мешавад. Ин рӯзи  ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Дар робита ба ин мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Дар Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҷиҳати таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон пайваста тадбирҳо андешида мешавад. Дар ин раванд ниҳоди Шумо ҷиҳати риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар фаъолияти худ аз кадом принсипҳо кор мегирад?

У. Бобозода: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон аз рӯи принсипҳои мустақилият, соҳибкасбӣ, дастрасӣ, шаффофият, баробарӣ ва манъи табъиз амал менамояд.

Дар ин самт ҳанӯз аз соли 2012 дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воҳиди сохтории алоҳида таъсис дода шуда, пас аз дастури Пешвои миллат соли 2016 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ҳамзамон муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, амал мекунад.

Зимни фаъолият, пеш аз ҳама, муроҷиатҳо аз ном ва ба манфиати кӯдакон қабул ва баррасӣ мешаванд, намояндагони мақомот дар мурофиаҳои судӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон иштирок менамоянд, ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳо дар муассисаҳои кӯдакона санҷишу мониторинг гузаронида мешавад, ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон равонашуда хулосаҳо дода шуда,  ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва кӯдакон чорабиниҳои иттилоотӣ доир карда мешаванд. Аз натиҷаи фаъолияти мазкур бо назардошти ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои кӯдакон маърузаи солона таҳия гардида, ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ирсол карда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Барои мавриди зӯроварӣ қарор нагирифтани кӯдакон аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чӣ гуна тадбирҳо андешида мешавад?

У. Бобозода: Дар самти пешгирии амалҳои зӯроварӣ дар ҷомеа дар ҷумҳурӣ тадбирҳои муайян андешида шудаанд. Ба тасвиб расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (2013), «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» (2015), барномаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, таъсиси нозирони минтақавии муқовимат бар зидди зӯроварӣ, нозирон оид ба корҳои ноболиғон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ аз ин ҷумла аст.

Зӯроварӣ вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон ва хусусан кӯдакон ба ҳисоб рафта, боиси расонидани зарари маънавӣ ва ҷисмонӣ, пошхӯрии оилаҳо, никоҳи маҷбурӣ, барвақтӣ ва ба худкушӣ оварда расонидан мегардад. Ҳамзамон ба мақомоти давлатӣ кам муроҷиат кардани ҷабрдидагони зӯроварӣ, ҳамчун ҷиноят эътироф нагардидани амали зӯроварӣ дар оила, нокифоя будани марказҳои барқарорсозӣ барои ҷабрдидагон ва шоҳидони ҷиноят, норасоии шумораи нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, паст будани сатҳи маърифати оиладорӣ ва номукаммал будани қонунгузории соҳа мушкилоти дигари ин самт ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз ҳам фаъолият дар самти вокуниш ба ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, кумаку дастгирии кӯдакон – ҷабрдидагони зӯроварӣ, санҷиши муроҷиатҳо дар ҷояш, иштирок дар мурофиаҳои судӣ ва ҷобаҷокунии ҷабрдидагон нокифоя мебошад.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти пешгирии зӯроварӣ сохторҳои дахлдори СММ низ аз натиҷаи баррасии гузоришҳои даврии миллӣ тавсияҳо пешниҳод намудаанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин самт корҳои зеринро анҷом медиҳад, аз ҷумла мусоидат дар ҳалли муроҷиатҳо дар самти зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, мусоидат дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон – ҷабрдидагони зӯроварӣ, мусоидат дар такмили қонунгузорӣ дар самти зӯроварӣ, санҷиш ва мониторинги фаъолияти нозирони минтақавӣ, никоҳҳои маҷбурӣ, ғайрирасмӣ ва бармаҳал ва ғ.

Моҳи майи соли равон Тартиби муроҷиатҳои занон ва духтарон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо назардошти махфият ва хусусияти гендерӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки яке аз мақсадҳои асосиаш мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидагони зӯроварӣ мебошад. Ҳамзамон дар маърузаҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пайваста ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла кӯдакон дар ин самт тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти баргардонидани кӯдакони тоҷик, ки дар кишварҳо ва манотиқи ҷангзада қарор доранд, чӣ корҳоро анҷом медиҳад?

У. Бобозода: Дар партави сиёсати инсондӯстона ва ғамхориҳои хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзада занону кӯдакон баргардонида мешаванд.

Дар ин робита, зери назар ва бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ соли 2019 — 84 кӯдак, соли 2022 — 146 зану кӯдак ва дар идома ба ин таҷриба шоми 21 майи соли равон 104 зану кӯдак ба Тоҷикистон оварда шуд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати офиятбахшӣ ва мутобиқ намудани занону кӯдакон ба ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Буду боши занону кӯдакон дар минтақаҳои ҷангзада ба ҳолати равонӣ ва ҷисмонии онҳо таъсири манфӣ расонидааст, ки ҷиҳати офиятбахшӣ ва баргардонидани онҳо ба ҳаёти осоишта дар ҷомеа мушкилиҳои зиёд дорад. Дар ин робита, дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати баргардонидани занону кӯдакон аз давлати Сурия, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, чорабиниҳои мушаххас барои солимгардонии тиббию равонӣ амалӣ карда мешаванд. Занону кӯдакон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, бо онҳо дар алоҳидагӣ равоншиносон кор мебаранд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста масъалаи мазкурро пайгирӣ намуда, дар ин раванд мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»: Тибқи қонун дар бораи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи кӯдак мебошад. Мегуфтед, ки то ба имрӯз аз ҷониби ниҳоди Шумо чӣ миқдор арзу шикоятҳои шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст?

У. Бобозода: Қабул ва баррасии муроҷиати кӯдакон яке аз воситаҳои асосии ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои онҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин самт солҳои 2020-2022 вобаста ба амалисозии банди 6.3 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо аз натиҷаи Гузориши муттаҳидаи сеюм-панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак барои солҳои 2018-2022, ки фароҳам овардани имкониятро барои муроҷиатҳои инфиродии кӯдакон пешбинӣ менамояд, якчанд корҳо анҷом дода шуда, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳанӯз аз моҳи сентябри соли 2020 тартиби алоҳидаи қабул ва баррасӣ ба роҳ монда шуд.

Дар давраи фаъолияти механизми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз соли 2016 то соли 2022 аз ном ва ба манфиати кӯдакон 1233 муроҷиат қабул ва баррасӣ гардид. Аз ин шумора 401 муроҷиат хаттӣ ва 832 муроҷиат шифоҳӣ мебошад.

Ҳамчунин ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар баробари сокинони ҷумҳурӣ аз кишварҳои хориҷӣ низ муроҷиат ворид мегардад. Дар чунин муроҷиатҳо, ки бештар аз ҷониби ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кӯдак ва мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ворид мегарданд, оид ба масъалаҳои муайян намудани ҷой ва шароити зисти ноболиғон, муайян намудани маҳрум шудан ё нашудан аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ ва иҷрои ҳалномаҳои судӣ пурсида мешавад. Таҷрибаи фаъолият нишон медиҳад, ки бо назардошти васеъшавии ҷуғрофияи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон, гирифтани шаҳрвандии кишвари қабулкунанда, барпо намудани оила бо шаҳрвандони хориҷӣ ва бархурдор шудан аз нафақа ва кумакҳои иҷтимоӣ муаммоҳои муайян бинобар таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба миён меояд.

Аз ном ва ба манфиати кӯдакон беш аз ҳама падару модар, васию парастор ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муроҷиат мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки занон оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон бештар муроҷиат менамоянд, ки зиёд будани саҳми онҳоро дар ин самт ва нобаробарии масъулияти падару модарро дар нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдак нишон медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Барои самаранок будани фаъолият дар самти таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак бояд чӣ корҳоро ба анҷом расонд?

У. Бобозода: Кӯдакон категорияи махсусан ҳифзшаванда буда, зери ғамхории давлат қарор доранд. Дар ин самт бо назардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ҷумҳурӣ дар самти сиёсат, қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ тамоми тадбирҳо андешида шуда, ин раванд пайваста такмил дода мешавад.

Дар самти амалисозии уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак низ пайваста тадбир андешида мешавад. Аз ҷумла, бо назардошти ба анҷом расидани муҳлати амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба Гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия дар бораи  ҳуқуқҳои кӯдак барои солҳои 2018-2022; Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи  ҳуқуқҳои кӯдак вобаста ба савдои кӯдакон ва порнографияи кӯдакон барои солҳои 2018-2022; Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи  ҳуқуқҳои кӯдак вобаста ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона барои солҳои 2018-2022 моҳи майи соли 2022 Гузориши муттаҳидаи шашум ва ҳафтуми Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия дар бораи  ҳуқуқҳои кӯдак омода ва ба Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ ирсол карда шуд, ки фарогири дастовардҳои ҷумҳурӣ дар ин самт мебошад.

Бояд гӯям, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак- ин фароҳам овардани муҳити ба кӯдакон созгор ва бартараф намудани ҳолатҳои ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон хатарнок мебошад. Аз ин лиҳоз, падару модарон ва дигар намояндагони қонунии кӯдак, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон талош варзанд. Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ дар доираи салоҳияту ваколатҳои қонунии худ омода аст ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон бо тамоми субъектон ҳамкорӣ ва мусоидат намояд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор