Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

ДУШАНБЕ, 23.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ, ки бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид  қабул шудааст, мизи мудаввар баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти номбурда.

Дар мизи мудаввар изҳор карда шуд, ки мақсади ҷашнгирии Қатъномаи зикршудаи СММ ин иттилоотонии ҷомеа дар бораи хусусиятҳои хоси кори хизматчиёни давлатӣ, вазифаҳо ва масъулияти баланди онҳо дар назди ҷомеа мебошад. Санаи  мазкур ҳамчун эҳтиром овардан ба хизматчиёни давлатии касбӣ эътироф шудааст.

Бояд гуфт, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 27 муқаррар намудааст: «Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд».

Дар нишаст тазаккур дода шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ, аз ҷумла масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ ба вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтанд.

Баён карда шуд, ки ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ ҳамчунин принсипи конститутсионии идоракунии давлат эътироф шуда, бевосита аз Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ бармеояд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ яке аз ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар баъзе аз давлатҳо бо номи ҳуқуқи иштирок дар идораи давлат низ маълум аст. Инчунин, масъалаи хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ дар дигар давлатҳо, аз ҷумла дар ИМА, Русия, Ҷопон мавриди муҳокимаи иштирокчиёни мизи мудаввар қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 23 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст. Аввалин маротиба Маҷмаи Умумии СММ дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002  ин санаро ҳамчун Рӯзи хизмати давлатӣ қабул намудааст. Ҳамасола давлатҳои узви Созмони МИллали Муттаҳид  дар ин рӯз ҳамоишҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро арзёбӣ мекунанд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор