Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Иштироки намояндаи ВҲИ  дар 10-умин Академияи Муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон

Икрамова Зилола Аҳрорҷоновна – сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 19 то 23 июни соли 2023 бо мақсади иштирок  дар 10-умин Академияи Муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба шаҳри Скопеи Македонияи Шимолӣ сафари хизматӣ анҷом дод.

Академияи навбатии баргузоргардида ба мавзӯи “Волоияти қонун” бахшида шуда, дар он 25 нафар намояндагони муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз минтақаи САҲА ширкат варзиданд.

Дар давоми як ҳафта экспертҳо ба шунавандагони Академия дар мавзуъҳои “Принсипҳои Парижи СММ ва волоияти қонун”, “Дастрасӣ ба адолати судї”, “Ҳуқуқ ба мурофиаи одилонаи судї ва мониторинги низоми судӣ”, “Фазои ҷамъиятӣ ва ҳимоягарони ҳуқуқи инсон”, “Механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва нақши Муасссисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон”, “Ҷорӣ намудани тавсияҳои аз ҷониби механизмҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ пешниҳодшуда” тренинг гузарониданд. Тренинг тариқи интерактивӣ баргузор гардида, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки дар гуруҳҳо кор кунанд ва аз таҷрибаҳои хеш ба якдигар маълумот диҳанд.

Инчунин рӯзи 21 июни соли ҷорӣ мувофиқи барномаи таҳиягардидаи Академия, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зилола Икрамова бо кор ва фаъолияти Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ аз наздик шинос шуд.

Зимни баргузории Академия диққати махсус ба масъалаҳои баланд бардоштани мақом ва иқтидори муассиссаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, бартараф намудани таҳдидиҳои ба волоияти қонун таъсиррасон, нақши муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар таҳкими волоияти қонун дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки Академияи имсолаи Муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон фазои мусоидро  барои мубодилаи афкор байни мутахассисони соҳа ва барпо намудани робитаҳои нав фароҳам овард ва минбаъд низ  баргузории чунин чорабиниҳо барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат хоҳад кард.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор