Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Мактаби таълими ҳуқуқи инсон барои ҷавонон оғоз гардид

Таълими ҳуқуқи инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин робита Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565 аз 30 декабри соли 2021 қабул гардидааст, муваффақона амалӣ шуда истодааст.

Дар ин замина, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, шинохти манфиатҳои миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, тавсеаи ҳисси оштинопазирӣ ба терроризму экстремизм, коррупсия ва намудҳои дигари ҷинояткорӣ дар Барномаи мазкур чорабиниҳо пешбинӣ гардида, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва доираҳои илмию академӣ онҳоро роҳандозӣ менамояд.

Яке аз самтҳои муҳими Барнома ин таълими ҳуқуқи инсон барои ҷавонон мебошад, ки дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 июли соли ҷорӣ дар Маҷмааи “Сафеддара” аввалин Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон барои ҷавонон бо мусоидати Дафрати Барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.

Дар Мактаби тобистона намояндагони ҷавонони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иштирок доранд.

Барои ҷавонон дар доираи Мактаб аз 6 то 8 июл оид ба асосҳои ҳуқуқи инсон, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, санадҳои универсалии соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон тасдиқ намудааст, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, нақшаҳои миллии амал оид ба иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, муқаррароти қонунгузорӣ барои ҷавонон ва тарбияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонон машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои шиносоии бештари ҷавонон ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон як қатор маводҳои омӯзишӣ, аз ҷумла нашри сеюми Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсонро таҳия ва нашр карда, барои иштирокчиён дастрас намуд.

Иқдоми мазкур зимни татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 идома дода шуда, марҳила ба марҳила намояндагони ҷавони дигар муассисаҳои олии таълимӣ ба он фаро гирифта мешаванд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор