Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Санаи 23 феврали соли 2021 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар, баргузор гардид.

Дар ҷамъомад У. Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Нахуст, Р. Ҳабибулозода баромад намуда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо ҳама мардуми кишварро ба ин ҷашни пуршараф шодбош гуфтанд. Р. Ҳабибулозода мушаххасан, аз таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти пуршарафу муқаддаси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуда, зимнан аз талошҳо ва заҳматҳои бесобиқаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ташкил намудан ва ба сатҳи зарурӣ баровардани ҷузъу томҳои он ибрози андеша намуд. 

Дар ҷамъомад муовини сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳ. Нидоев дар мавзўи «Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон: таърихи таъсис ва ташаккул» баромад намуда, дар бораи таърих, замина, шароитҳо ва марҳилаҳои асосии инкишофу такоммули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доир ба ҳайат, малака, сатҳи омодабошӣ ва дурнамои инкишофи он маърӯза намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки «Тахти сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи давраҳои мураккаби бунёди худ нуқта гузошта, ба марҳалаи мувофиқасозии сохтори худ - воқеъияти амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра саъю талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона шуд. Ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд».  

Дар интиҳои ҷамъомад мазмун ва мӯҳтавои маърӯза мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар масоили дигари марбут ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби иштирокчиён андешаҳои ҷолиб иброз карда шуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор