Маҷлиси умумии кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2025

Санаи 9 апрели соли 2025 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии кормандони мақомот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Дар чорабини мазкур бо истифода аз техологияҳои муосири электронӣ иштироки роҳбарони намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба таври маҷозӣ таъмин карда шуд.
Зимни маҷлис бурду бохти фаъолияти воҳидҳои сохтории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар семоҳаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, ҷиҳати таҳкими фаъолият дар семоҳаи дуюм аз ҷониби Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва тақвият додани фаъолият дар самтҳои алоҳида ба кормандони мақомот дастуру супориҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ








