САБТИ БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ
«НАҚШИ ДАВЛАТ, ҶОМЕА ВА ВАО ДАР ПЕШГИРИИ МУҲОҶИРАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ»
Санаи 21 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиени ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ширкати телевизион ва радиои «АЗИЯ» барномаи телевизионӣ дар мавзуи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ» сабт гардид. Дар чорабинии мазкур Ҳабиба Ҳамидова – роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд, Ризозода Равшан – сармутахассиси Шубаи ҳуқуқи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Гафуров Султонҷон – сардори шубаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳает» Раҳимова Марҳабо, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Шамс» Ҳомидҷонова Муқаддас ва Фаррух Абдулло – адвокати коллегияи адвокатҳои Суғд бо маърузаҳои мухталиф баромад намуданд. Инчунин, аҳли нишасти барномаро намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, донишҷуен ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил намуданд.
Дар оғози чорабинӣ роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд баромад намуда, ба ҳозирин маълумот оиди «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи муҳоҷирон» маълумот пешниҳод намуд. Дар идомаи чорабинӣ, меҳмонон ва коршиносон бо маърузаҳои худ баромад намуда, оиди раванди фаъолияти худ вобаста ба муҳоҷират маълумотҳо пешниҳод намуданд.
Барнома дар сатҳи баланд сабт гардид ва рузҳои наздик тариқи ТРК «АЗИЯ» паҳн хоҳад шуд.








