Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Вохӯрии ҳайати кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндагони Барномаи Рушди СММ

Санаи 29 майи соли 2025 дар бинои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: сардори  Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон  Солеҳзода З. И., сардори Шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилӣ  Содиқов А. М., мудири Бахши молиявӣ ва таъминоти фаъолияти мақомот  Нозимов Т. ва сармутахасиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон  Раҷабов Б. бо коршиноси мустақили Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Нано Гибрадзе мулоқот анҷом доданд.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳуқуқи инсон ва мусоидат баҳри густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқати он ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкориҳо оид ба иҷрои тавсияҳои дар доираи механизми Шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) нисбати Тоҷикистон, дастгирии татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда, ҳамонҳанг намудани ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда ба ҳисоб меравад.

Дар оғоз намояндагони Ваколатдор оид  ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузашта, оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, хусусан самтҳои афзалиятноки Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, доираи барномаҳои мухталиф дар ҳамкорӣ бо БРСММ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Намояндагони мақомоти Вақолатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба масъалаҳои дигар низ дар доираи ҳамкориҳо бо БРСММ қайд намуда, таъкид гардид, ки густариши шарикӣ ва таҳкими ҳамкорӣ, аз ҷумла пешниҳодҳо барои беҳтар кардани ҳамкориҳои манфиатовар бо намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон аз дастгирӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи байни ду сохтор вобастагии зич дорад.

Коршиноси мустақили БРСММ оид ба пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар сатҳи назаррас арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо аз ҳамдигар барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ҷодаи таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар доираи ҳамкориҳо бо намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон тақвият медиҳанд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор