Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Вохӯрии Умед Бобозода бо Сафири фавқулодда ва мухтори

 Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи амалисозии фаъолият дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои Аврупо санаи 15 июли соли 2025 Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграф ва ҳайати ҳамроҳонаш вохӯрии арзи адаб доир намуд.

Ҳадаф аз вохӯрии зикршуда шиносоӣ ва барқарор намудани тамосҳои корӣ байни Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ичунин тавассути Сафорати Олмон ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Олмон мебошад.

Зимни мулоқот пас аз муаррифии ҳайати ҷонибҳо Умед Бобозода ба ҷаноби Сафир ва ҳайати ҳамроҳонаш барои ташриф овардан ба мақомоти Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуд.

Бобозода Умед аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, фаъолияти мақомотро  муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки санадҳои стратегии дар боло зикршуда дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамто надоранд.

 Инчунин, Омбудсмани Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои самарабахш бо ҳамтоён ва дигар мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо давлатҳои Италия ва Испания мушаххасан иттилоъ дод.

Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба байни Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ичунин тавассути Сафорати Олмон ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар рафти мулоқот ҷаноби Йорк Шуграф ва ҳайати ҳамроҳонаш барои пазироии дӯстона ба Умед Бобозода миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон изҳор намуданд.

Мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.

 

Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор