Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Намояндаи доимии навтаъини Барномаи рушди Созмони Милали (UNDP) дар Тоҷикистон ҷаноби Судито Мукерҷӣ
Санаи 19 августи соли 2025 мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Намояндаи доимии навтаъини Барномаи рушди Созмони Милали (UNDP) дар Тоҷикистон Судито Мукерҷӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Бобозода Умед ҷаноби Мукерҷиро бинобар ба вазифа шӯруъ намудан табрик гуфта, изҳори бовари кард, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин сохтори СММ минбаъд низ тақвият меёбад. Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан масоили мутобиқатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкориҳо дар самти Шарҳи Универсалии Даврӣ (марҳилаи сеюм) ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо табодули афкор анҷом доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози назар намуда қайд намудан, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали (UNDP) Судито Мукерҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки давом додани ҳамкориҳои судманд мувофиқи мақсад буда, баҳри амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиятҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобилӣ дастгирӣ мебошад.








