Тантанаҳои чашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо иштироки У. Бобозода намояндаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чи тавре, ки маълум аст, ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Токикистон от 28 сентября 2023 г., №24/10-32 бо мақсади пурра таъмин намудани иҷрои нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва сари вақт бартараф кардани камбудию норасогиҳои ҷойдошта дар маҳалҳо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон от 6 мая 2022 г., №АП-188 ба ноҳияи Вахши вилояти Хатлон вобаста шудааст, 8 сентября соли 2025 г. ба ноҳияи Вахш сафарӣ хизматӣ анҷом доданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Бобозода, намояндаи Вилояти Хатлон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ, ва муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон ва намояндагони бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи дар маҷлиси тантанва ба муносибати 34-умин Солгарди Рузи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷуаи Офтобаки ноҳияи Вахш иштирок ва суханронӣ намуданд. Хусусан Бобозода Умед намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ноҳия суханроне намуда, мардуми сарбаланди ноҳияи Вахшро бо ин Иди бузурги миллэ табрик гуфта, аз мувафақиятҳики Ҷумҳурии Тоҷкистон, дастовардҳои Ҳукумат дар зарфи 34-соли Истиқлолияти давлати гуфта гузаштанд.

Дар идома ба як қатор фаъолон мукофоти давлате, ифтихорномаҳо ва сипоснома аз мақоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.










