Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Фиристодаи махсуси намояндагии Финляндия дар САҲА ва ҳайати онҳо бо роҳбарии хонум Терҳи Хақала.
Санаи 11 сентябри соли 2025 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №33011 (14), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Фиристодаи махсуси намояндагии Финляндия дар САҲА ва ҳайати онҳо бо роҳбарии хонум Терҳи Хақала мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсонро мавриди муҳокима қарор дода таҳкими ҳамкориҳоро дар самтҳои таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва духтарон, баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 - 2026, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, фаъолияти мақомотро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки санадҳои стратегии дар боло зикршуда дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамто надоранд.
Хонум Терҳи Хақала барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки давом додани њамкорињои судманд мувофиқи мақсад буда, баҳри амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобилӣ дастгирӣ мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот хонум Терҳи Хақала ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода изҳор доштанд, ки мо ҷонибдори дастгирии талошҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди адолат, баробарӣ ва эҳтиром ба озодиҳои асосӣ ҳастем.
Ҳамзамон Хонум Терҳи Хақала аз Бобозода У. даъват ба амал оварданд, ки санаи 17 ноябри соли ҷорӣ дар вохурии сатҳи баланди Омбудсменҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хелсинкии Финляндия ширкат варзанд.








