Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода 24 сентябри соли 2025, ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и  Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Ҳамчунин, дар боздид Нидоев Ҳусниддин муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуд.

Ҳангоми боздид Ваколатдор бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, шинос шуд. Ҳамчунин, аз шароити моддӣ ( хўрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ, хизматрасонии тиббии муассиса дидан намуд.

Оид ба шароити нигоҳдорӣ ба маҳкумшудадагон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷумла бо маҳкумшудагони хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия сўҳбатҳои алоҳида гузаронид.

Умуман дар рафти суҳбат маҳкумшудагон аз шароити нигоҳдорӣ, либос, хўрок ва муносибати кормандони муассиса изҳори миннатдорӣ намуда, баъзе аз онҳо дар рафти суҳбат хоҳиш намуданд, ки барои интиқоли онҳо ба ватани худ мусоидат намояд.

Дар охир бо роҳбарияти муассисаи мазкур дар вохўрӣ оид ба талаботҳои қонунгузории амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумхурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, суҳбат гузаронида шуд.

 Бояд қайд кард, ки тартиби нигоҳдории маҳкумшудагон ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.

Боздидҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз чунин муассисаҳо минбаъд низ идома меёбад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор