Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 3 октябри соли 2025 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинии идона сараввал Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Бобохонзода баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди ҷумҳурии азизамонро бо ин ҷашни муборак самимона муборакбод намуданд.
Зимни суханронӣ Саидалӣ Бобохонзода оид ба таърихи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд маълумот пешниҳод намуд.
Сипас дар чорабинӣ Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Давлатов дар мавзӯи “Соҳибистиқлолӣ ва рушди забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолият” ва мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак Саидов Дилшод дар мавзӯи “Забон – пояи ҳастии миллат ва рукни асосии давлатдории тоҷикон” маърӯза намуда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ ибрози назар намуданд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки барои давлатњои миллӣ забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии нигоњдошти онњо маҳсуб меёбад ва агар кишвар ба ин арзиш эҳтиром нагузорад, шикасти он ногузир аст ва дар ин раванд саҳми бузургони миллат – устод Рӯдакӣ, устод Айнӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар бузургони халқи тоҷик беназир аст.
Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаҳои пешниҳодшударо муҳокима намуда, фикру ақида ва таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Бобохонзода бори дигар ҳамагонро бо ҷашни муқаддаси Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, ба ҳар як фарди худогоҳи Ватани азизамон сиҳативу саломатӣ, бурдбориҳо, сулҳу оромӣ ва рушди забони давлатиро таманно намуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ








