Ташрифи ҳайати Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи амалисозии Ёддошти тафоҳум байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо даъвати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 19-20 октябри соли 2025 сафари кории ҳайати Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумита хонум Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ ба Тоҷикистон баргузор гардид.

Рӯзи 19 октябр дар бинои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мулоқоти хонум Ат-Тувайҷирӣ бо муҳтарам Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот муҳтарам Умед Бобозода аз ҷумла таъкид намуд, ки солҳи ахир бо иқдому ҳидоятҳои пайвастаи роҳбарияти олии ду кишвар ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва самаранок дар ҳамаи ҷанбаҳо сол аз сол тақвият меёбанд ва мулоқоти имрӯза низ самараи неки чунин ҳидоятҳо мебошад.

Хонум Ат-Тувайҷирӣ барои истиқболи гарму самимӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва дар бинои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муҳтарам Умед Бобозода миннатдории бепоёни худ ва ҳайати ҳамроҳонашро баён намуда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо идома хоҳанд ёфт.
Баъди анҷоми мулоқоти гарму самимӣ дар доираи барномаи фарҳангии сафари кории мазкур барои меҳмонони олиқадр тамошои боғи ангурзори “Сомон” дар шаҳри Турсунзода ташкил карда шуд.

Дар идомаи сафари кории мазкур рӯзи 20 октябр вохӯриву мулоқотҳои хонум Ат-Тувайҷирӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.


Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ








