Иштироки Валолатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 15-уми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон.
17-уми октябри соли 2025 Валолатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҳайати расмии намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 15-уми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкур дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия баргузор гардида, мавзуи асосии он масъалаҳо оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо буда, пешрафту дастовардҳои ҷонибҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо инчунин доир ба нақшаҳои кории дар пешистода мубодилаи афкор намуда, аз пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таъкид карданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ.








