Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 

ДУШАНБЕ, 03.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои он фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст. Чунин иброз намуд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зимни баргузории мизи муддавар бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Умед Бобозода гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятиеро танзим менамояд, ки ба манфиатҳои олии давлат, ҷомеа ва фард вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, бо назардошти таҷрибаи 31-солаи амали Конститутсия бояд ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон таъмин карда шуда, онҳо аз ҳар гуна тахдидҳои нави ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дошта шаванд.

Изҳор гардид, ки қабули ин санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба мамлакати ободу зебо табдил ёфтани Ватани мо мусоидат намуд.

Таъкид шуд, ки 31-солагии Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул кунад, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

Дар ҳамоиш оид ба мавзуъҳои «Конститутсия ва тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо», Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои иинсон ва пояи давлатдории ҳуқуқбунёд», «Конятитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат» маърӯзаҳо шунида шуданд.

Маърӯзачиён изҳор доштанд, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ- ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд.

Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, бо мурури замон нишон дод, ки роҳи интихобнамудаи халқи Тоҷикистон дуруст аст. Конститутсияи мардумии Тоҷикистон боз даҳсолаҳо барои таъмини Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва шукуфоии Ватанамон хизмат мекунад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар» 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор