Иттило медиҳем, ки дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №32/10-7947 аз 15 феврали соли 2023 ва иҷрои банди 115-и Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025, ҷиҳати шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” санаи 29 ва 31 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баргузор намудани чорабинии иттилоотӣ, аз ҷониби Маҷидзода Парвиз сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Икрамова Зилола муовини сардори шуъба ва сармутахассиси ҳамин шуъба Нозимзода Баҳриддин Раҳим сафари хизматӣ дар шаҳри Душанбе анҷом дода шуд.
Мувофиқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2025, чорабинии мазкур дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазирони вазоратҳои номбаршуда ва ҷалби кормандони вазорат, сардорони раёсат, шуъбаҳо, мудирони бахш, роҳбарони муассисаҳои томактабӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зиёда аз 100 то 150 нафарӣ баргузор гардид.
Ҳангоми баргузории чорабинӣ, маълумот дар бораи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, инчунин салоҳият ва ваколати мақомотҳои давлатӣ доир ба масъалаҳои таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, тибқи талаботи бандҳои моддаҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, ба аҳли нишаст фаҳмонида шуд.


Ҳамзамон, дар анҷоми чорабинӣ муовинони Вазири Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир намудани чунин ҳамоиши мутақобилан судманд миннатдорӣ ва омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда ибрози ақида намуданд.









