Вохӯрии навбатии Гурӯҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 29-уми январи соли 2026 дар мақомоти ВҲИ бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайдали Бобохонзода вохӯрии навбатии аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба пешбурд ва ба тасвибрасонии Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аъзои гурӯҳи корӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазаратҳои адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, инчунин Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ натиҷаи мониторингҳои муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида дар соли 2025 гузаронидашуда мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор дода шуда, масъалаи рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи муассисаҳои болозикр ва роҳҳои ҳалли онҳо муҳокима гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони ВҲИ аз 6 августи соли 2013 Гурӯҳи корӣ бо максади пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар муассисаҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ, беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ, таъмини фаъолияти самараноки низоми боздидҳои пешгирикунандаи доимии муассисаҳои маҳрумкунӣ ва маҳдудкунӣ аз озодӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ барои таъмини фаъолиятӣ самараноки низоми пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона таъсис дода шудааст.
Ҳадафи Гурӯҳи корӣ ин боздид аз муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, гузаронидани семинарҳо ва тренингҳо барои кормандони муассисаҳои мазкур оид ба омӯзонидани меъёрҳои байналмилалӣ ва миллии муносибат бо шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ҳамчунин, таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба имконияти ба тасвиб расонидани Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа равона карда шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти аъзои Гурӯҳро ҳамоҳанг намуда, барои таъмини иқтидори зарурӣ ва дониши касбии аъзои Гурӯҳи мониторингӣ чораҳо меандешад.
Роҳбари гуруҳи мониторингӣ Нидоев Ҳ.









