Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои миллии ориёӣ буда, дорои аҳаммияти бузурги таърихи, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ин ҷашн барои ҳифз кардан ва интиқол додани анъанҳою оинҳои ниёгон ба наслҳои оянда мусоидат мекунад. Сада мардумро новобаста аз дин, миллат ва забону мазҳаб гирди ҳам меоварад ва ба таҳкими дустӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим мебозад.
Мувофиқи ривояти «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, асосгузори ин ҷашн шоҳи пешдодӣ- Ҳушанг мебошад. Рӯзе Ҳушшанг дар кӯҳ мореро дида, ба сӯяш санг меандозад. Мор фирор мекунаду санг ба санги дигар бархӯрда, оташ пайдо мешавад. Ҳамин тавр, инсон оташро кашф мекунад ва ин рӯзро ҳамчун иди Сада ҷашн мегиранд.
Сада рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ ва гармо ба сармост. Яке аз ҳадафҳои ин ҷашн омодагӣ ба корҳои саҳроӣ ва киштукори баҳорӣ мебошад. Дар замони Шуравӣ ин ҷашн қариб фаромӯш шуда буд, вале бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон дубора эҳё гардид.
Барои эҳёи ҷашни Сада дар Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ ва таърихӣ арзёбӣ мешавад. Зеро маҳз бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ, ҷашни Сада дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳуввияти миллӣ ва мероси ниёгон аз нав зинда гардид.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018, Сада расман ба рӯйхати ҷашнҳои давлатӣ ворид шуда, ҳамсола дар охири моҳи январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Маҳз бо дастгирӣ ва кӯшишҳои роҳбарияти олии мамлакат 6-декабри соли 2023 ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Дар мавриди пайдоиши ин ҷашн ду назари асосӣ мавҷуд аст:
Сада аз калимаи «сад» гирифта шудааст. Аз рӯзи ҷашн (10-уми моҳи Баҳман) то Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад, ки ҷамъи онҳо 100 мешавад.
Ибтидои зимистон: Тибқи тақвими бостонӣ, Сада пас аз гузаштани 100 рӯзи фасли сармо (аз аввали моҳи Обон) таҷлил мешуд.
Ҳамасола Пешвои миллат ба муносибати ин ҷашн ба мардуми кишвар паёми шодбошӣ мефиристанд, ки дар он аҳаммияти Садаро ҳамчун рамзи нур, гармӣ ва иттиҳоди ҷомеа таъкид мекунанд. Сарвари давлат олимону пажӯҳишгаронро даъват намуда, таъкид месозанд, ки моҳияти таърихии Садаро омӯхта, онро ҳамчун василаи худшиносии миллӣ миёни ҷавонон тарғиб кунанд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон Садаро бо афрӯхтани гулханҳои бузург, намоиши тухмиҳои кишоварзӣ, ниҳолшинонӣ ва базмҳои мардумӣ таҷлил мекунанд, ки паёми омодагӣ ба баҳор ва кишту корро дорад. Таҷлили ҷашни Сада ба тарбияи насли наврас ва ҷавон ҷиҳати дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ кумак мерасонад.
Сада ҷашнест, ки аз омадани баҳор ва ҷашни бузурги миллӣ- Наврӯз хабар медиҳад. Ин ҷашн таърихи куҳан дошта, махсусан, дар шаҳрҳои Кирмон ва Теҳрон аз ҷониби Зардуштиён бо афрӯхтани гулхан ҷашн гирифта мешавад. Ҷомеаи эрониён ва тоҷикони муқими дар кишварҳое чун ИМА, Канада ва баъзе давлатҳои Аврупо низ ин анъанаро пос медоранд.
Ҳамин тавр, эҳтиромона муносибат намудан ба ҷашнҳои давлатӣ, хусусан, ҷашни Сада вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.
Сабзов Абдуқодир Рахмонович - муовини сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои
молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









