Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2026
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

           Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ  барои Тоҷикистони тозаистиқлол лозим омад, Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис диҳад, ки он тавоноии таъмини истиқлолият ва ҳимояи мардумро дошта бошад. Дар суханрониҳои хеш Асосгузо­ри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёси­ву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд.

        Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана рамзи садоқат, матонат ва омодабошии доимии хизматчиёни ҳарбӣ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини амният ва таҳкими суботи кишвар мебошад.

      Артиши миллӣ  пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ таъсис ёфта, пояҳои он дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ гузошта шуданд. Бо талошҳои пайгирона ва дастгирии роҳбарияти олии давлат, махсусан таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ниҳоди муназзами ҳарбӣ табдил ёфтанд. Тавре Пешвои миллат мегӯянд: “Вақте ки ман сари қудрат омадам мо вазорат надоштем, мо вазири дифоъ надоштем, мо генерал ва афсар надоштем, сарбоз ҳам надоштем, як милтиқи чӯбин ҳам надоштем, Артиши миллиро ман дар зери хайма таъсис додам, иншоот надоштем. Аз дигар кишвари ҳамсоя ман афсаронро даъват кардам, хоҳиш кардам ва аз байни онҳо вазир таъин кардам”.  Яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар байни собиқ давлатҳои  аъзои  Иттиҳоди Шуравӣ ягона давлате, ки аз мероси  Артиши Шуравӣ, назири силоҳу таҷҳизоти ҷангӣ ва зерсохтҳои низомӣ саҳме дарёфт накардааст. Имрӯз бошад мо бо шарофати истиқлолияти давлатиамон  дорои яке аз  Нерӯҳои Мусаллаҳи пешрафта ва аз ҳама обутобёфта дар минтақа ҳастем,  Қувваҳои мусаллаҳи мо дорои сохтори такмилёфта, ҳайати касбии омодашуда ва заминаи моддиву техникии муосир мебошанд.

         Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзи тамомияти арзӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи оромиву суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо иҷрои уҳдадории хизматӣ, балки ифодаи олии ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат мебошад. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ҳомии фардои Ватан бояд дар руҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ тарбия ёбанд. Артиши миллӣ мактаби ҷасорат, интизом ва шуҷоат буда, дар он ҷавонмардон иродаи қавӣ, устувории маънавӣ ва ҳисси баланди масъулиятро меомӯзанд.

Бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, иқтидори мудофиавии кишвар пайваста таҳким меёбад. Имрӯз Артиши миллӣ омода аст, ки ба ҳар гуна таҳдиду хатарҳо посухи муносиб дода, сулҳу субот ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намояд.

          Рӯзи Артиши миллӣ-рӯзи ифтихори ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки хизматҳои содиқонаву фидокоронаи афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳро қадрдонӣ намуда, эҳтирому сипоси самимии худро ба ҳомиёни Ватан баён созем.

Артиши миллӣ -кафили амният, сипари давлат ва мояи ифтихори миллат аст.

        Бо мурури замон Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз неруҳои пурқудрат табдил ёфт. Ин албатта кӯшишу ғайрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, мустаҳкам кардани марзу буми кишвар буд.

  Дар (моддаи 43-юми)  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

      Дар ҳақиқат ҳам ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳам ҳар сол ҷавонони Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  содиқона дар сафҳои артиш хизмати Модар-ватанро ба ҷо меоранд. Мусаллам аст,ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавон вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Имрӯз саҳми хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз ҷумла неруҳои сарҳадӣ дар таъмини сулҳу суботи ватани азизамон бағоят калон аст.  

        Бо таманнои саломатии бардавом, иродаи матин ва дастовардҳои нав ба ҳамаи ҳамватанон хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони мамлакат  Рӯзи Артиши миллӣ муборак бод!

 

    Икромзода Раҳмоналӣ – мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи

давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ  ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор