Раванди татбиқи амалишавии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” аз 18 марти соли 2024, №795 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 28 декабри соли 2023, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” аз 18 марти соли 2024, №795 тасдиқ карда шуд, ки мувофиқи банди 3-и он Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдор ва назораткунандаи соҳа дар ин самт муайян гардиданд.
Дар баробари ин, тибқи талаботи банди 1-и фармони зикршуда кормандони мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ муваззаф гардида буданд, ки шуруъ аз 1 апрели соли 2024 ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта шаванд.
Дар ин раванд, фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” аз 28 марти соли 2024, №29 тасдиқ гардида, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо ҷалби мутахассиси касбӣ, номзади илмҳои филологӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргӯзории дарси забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол, ҷарёни иштироки кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гурӯҳбандӣ дар як ҳафта се маротиба ба қайд гирифта шуда, рафти омӯзиш таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қарор дорад.
Ҳамзамон, бо мақсади амалӣ гардидани фармони зикршуда бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2025, №26 188(26.8) роҳбарони мақомоти марказӣ вазифадор гардидаанд, ки баргузории маниторинги сатҳи забондонии кормандонро таҳлил намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода то 1 июли соли 2026 (ҷамъбасти нимсола) ва то 2 ноябри соли 2026 (ҷамъбасти сол) ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот бо таҳлили оморӣ пешниҳод намояд.
Ёдовар бояд шуд, ки забони англисӣ ба яке аз шохаҳои забони олмонӣ шомил буда дар маҷмуъ, ба оилаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад.
Илова бар ин, забони англисӣ забони ҷаҳонӣ эътироф шуда, нисфи зиёди кишварҳои дунё бо ин забон гуфтугӯ менамоянд, инчунин, тамоми маҷлисҳову корҳои тиҷоратӣ асосан байни давлатҳои дунё бо забони англисӣ сурат мегирад.
Ба инобати ин таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот ва баромадҳояшон мунтазам ишора ба он менамоянд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан руси ва англисиро хуб медонанд, рӯз аз рӯз меафзояд. Ва моро зарур аст, ки дар асоси “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030”, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, мутахассисони донандаи забонҳои хориҷиро мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар сатҳӣ баланд омода намоем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки сиёсати давлатии забон қисми асосии сиёсати миллии байналхалқӣ, таълимӣ, илмӣ мебошад, зеро забон ин на танҳо маҳсули муносибатҳои иҷтимоӣ ва объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамчун воситаи бисёр функсионалӣ дар ҳаёти ҷомеаи имрӯза васеъ истифода мешавад.
Нақши забони англисӣ ҳамчун воситаи муносибатҳои байни миллатҳо ва байни давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло эҳсос мешавад.
Аз ин лиҳоз, истифода аз имконият ва шароитҳое, ки дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо фароҳам овардааст, бояд барои ояндаи давлати соҳибистиқлоламон бо як масъулияти баланди ватандустӣ истифода барем.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ
Б.Нозимзода









